Пш, 18 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG :: AZR

Брифинги Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028

30 майи соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон брифинг бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028, ки дар назар аст 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, баргузор гардид.

Дар брифинг намояндагони расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии зикргардида Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ ба намояндагони ВАО роҷеъ ба чорабинии дар пеш истода маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба ҳадаф ва вазифаҳои Конфронс, инчунин натиҷаҳои мавриди интизор таъкид намуд.

Дар суханронии хеш Сафир махсусан қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар, баргузор мегардад. Ҳадафи Конфронс ин пешбурди фаъолият ва муколамаи сиёсӣ дар соҳаи об ба хотири рушди устувор мебошад.

Ҳамзамон, Сафир изҳор намуд, ки интизор меравад, ки дар чорабинӣ зиёда аз 1000 меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони баландпояи сиёсати хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишварҳо, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА (Иттиҳоди Аврупо), СААД, СҲШ, ИДМ, ФБНА (Фонди байналмилалии наҷоти Арал), инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд, созмонҳои марбут ба дарёву ҳавзҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат хоҳанд кард.


gerb-flag

Cафорати ҷумҳурии тоҷикистон дар ҷумҳурии озорбойчон

AZ1021, шаҳ. Баку, Бадамдар, кӯч. Баглар, 2, 20
Tел./факс: (+994 12) 502-14-32
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сомона: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.