Сш, 19 Ноябр 2019 | 18:11
ТОҶ :: РУС :: ENG :: AZR

Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатхо сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

 

15 июн дар Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

 

Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

 

Ба муносибати сафари давлатии меҳмони воломақом дар саҳни Қасри Миллат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

 

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

 

Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

 

Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти васеи ҳар ду давлат баррасӣ гардид.

 

Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мебошад.

 

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои истиқболи самимии ҳайати расмии Чин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, ба ташкили сатҳи баланди ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баҳои баланд дод.

 

Ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ ва татбиқи босамари “Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин” омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

 

Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.

 

Ҳамкории муштарак бар зидди “се бадӣ - терроризм, экстремизм ва сепаратизм, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, интиқоли маводи нашъадор ва киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.

 

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомиву техникӣ, таҳкими амнияти сарҳадот ва зерсохтори онҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, бо таҷҳизоти муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

 

Сохтмони биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

 

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

 

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад

 

Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

 

Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

 

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.

 

Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.

 

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, иштироки сарони давлатҳо дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри миллат маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла, ба имзо расид:

 

Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд.

 

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кӯмаки бебозгашт;

 

Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

 

Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ;

 

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

 

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

 

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

 

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

 

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот, инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, оид ба ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, оид Барномаи интернет платформаи усули назорати сифат, оид ба лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва оид ба таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1-ро дар вазъият тантанавӣ тақдим карданд.

 

Дар толори маҷлиси Қасри миллат Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои намояндагони сершумори ВАО-и дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чинро натиҷагирӣ карданд.


gerb-flag

Cафорати ҷумҳурии тоҷикистон дар ҷумҳурии озорбойчон

AZ1021, шаҳ. Баку, Бадамдар, кӯч. Баглар, 2, 20
Tел./факс: (+994 12) 502-14-32
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сомона: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.