Ҷм, 06 Декабр 2019 | 23:12
ТОҶ :: РУС :: ENG :: AZR

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон

16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.

Ба хотири гусели меҳмони воломақом майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Қабл аз маросими гусел дар толори пазироии меҳмонон мулоқоти хоса ва гарму самимии Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гашт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари Чин барои иштироки фаъол дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва идомаи талошҳои созанда баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку, изҳори сипос карданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона изҳори сипос карда, ба баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Си Ҷинпин бо эҳсоси баланди хушнудӣ ва изҳори миннатдорӣ аз меҳмоннавозии дӯстона ва бародаронаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иштирок дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва анҷоми сафари давлатӣ дар Тоҷикистон беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳо буданд. Ман дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтироми самимиро эҳсос кардам, ки ин инсондӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва хайрхоҳӣ хоси мардуми тоҷик аст.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 14 то 16 июн бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар доираи сафари бобарор муло

қоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз руи нати

ҷаи мулоқоту музокирот дар маҷмуъ 18 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам овард. Асосгузори сул

ҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро баъди анҷоми сафари давлатиаш гусел карданд.


gerb-flag

Cафорати ҷумҳурии тоҷикистон дар ҷумҳурии озорбойчон

AZ1021, шаҳ. Баку, Бадамдар, кӯч. Баглар, 2, 20
Tел./факс: (+994 12) 502-14-32
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сомона: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.