Пш, 18 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG :: AZR

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат атрофи натиҷаҳои 5-мин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар Душанбе доир гардид, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин зимн Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ нисбати ҳайати Россия дар пойтахти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил намудани саммити мазкурро таъкид кард.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.


gerb-flag

Cафорати ҷумҳурии тоҷикистон дар ҷумҳурии озорбойчон

AZ1021, шаҳ. Баку, Бадамдар, кӯч. Баглар, 2, 20
Tел./факс: (+994 12) 502-14-32
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сомона: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.